12:13 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Оформление и выдача биометрических заграничных паспортов

Роҳи осон: дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ онлайн-хизматрасонӣ созмон ёфт

© Sputnik / Виталий Аньков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
242341

Хизматрасониро барои иҷрои супориши раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои ҳалли фаврии масоили марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ таъсис доданд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ирина Волк сухангӯи Вазорати умури дохилаи Русия хабар дод, ки ниҳод барои ҳалли фаврии масоили марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ, дар вебгоҳаш онлайн-хизматрасонӣ таъсис дод.

Сухангӯи ВУД Русия таъкид мекунад, ки хизматрасонӣ барои иҷрои супориши раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳалли фаврии масоили гирифтани шаҳрвандӣ созмон ёфтааст.

Фармони таҳияи ин хизматрасонӣ аз ҷониби вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев ба тавсиб расид.

Дар вебгоҳ бахши "Масоили гирифтани шаҳрвандии Русия" низ фаъол аст. Бахши мазкур дар бораи баррасии аризаи шаҳрвандони хориҷа барои гирифтани шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои лозима маълумот медиҳад.

"Тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандонро мутахассисони соҳа дар мӯҳлати аз ҷониби қонунгузории Русия муайяншуда баррасӣ мекунанд",- афзудааст Ирина Волк.

Қаблан Владимир Путин гуфта буд, ки бояд низоми гирифтани шаҳрвандии Русия осон шавад.

"Ман боварии комил дорам, ки Русия бояд низоми гирифтани шаҳрвандиро пурра озод созад. Ин васила ҳам андозаи башардӯстона ва ҳам андозаи иқтисодӣ дорад",- таъкид кард вай дар рафти мулоқот бо шаҳрвандони кишвар тариқи  "Пахши мустақим".

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он шаш тоҷик шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд.

Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, муҳоҷирон, Владимир Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ