05:10 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Алёша Гребешков аз Уфа даҳҳо муҳоҷирро навҷот дод

Алёшаи 4-сола даҳҳо муҳоҷиронро аз сӯхтор наҷот дод

© © ГУП ТРК "Башкортостан" РБ
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
22410

Писараки чорсола аз сар задани сӯхтор дар хобгоҳи муҳоҷирон саривақт ба мақомоти дахлдор хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Уфа Алёша Гребешкови чорсола аз сар задани сӯхтори шадид дар хобгоҳи муҳоҷирон пешгирӣ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Тавре манбаъ менависад, сӯхтор дар хонаи чӯбие дар ноҳияи Демски Уфа сар задааст.

 Вақте ки Алёша бо дучарха дар назди хобгоҳ сайру гашт мекард, ногоҳ дид, ки аз хонаи чӯбие дуд ва забонаи оташ боло мешавад.

Писарак аз ин қазия зуд ба падараш хабар дод ва мард оташнишонон хабар дод.

Дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, оташро зуд хомӯш карда, муҳоҷиронро наҷот доданд.

Тавре намояндаи КҲФ Бошқиристон хабар додааст, сӯхторхомӯшкунон барои ин қаҳрамонӣ аз Алёша миннатдор шуда, ба вай мошинчае ҳадя карданд.

Барчаспҳо:
сӯхтор, муҳоҷирон, Бошқирдистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ