18:31 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
90 0 0

Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, марҳум дар созмони паймонкории "СМУ-12" сабтином шуда буд

ДУШАНБЕ, 3 ию — Sputnik. Як муҳоҷири кории 26-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербурги Русия ҳангоми кор дар маркази фурӯши "Балканский", ки бозсозӣ мешуд, дар зери девори суқуткарда кушта шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, марҳум дар созмони паймонкории "СМУ-12" сабтином шуда буд.

Ин ҳодиса субҳи рӯзи 30 июн рух дод.

Кумитаи бозрасии шаҳри Санкт Петербург ин ҳодисаро бозрасӣ мекунад. Онҳо таҳқиқ мекунанд, ки оё дар сохтмон ба қоидаи амниятӣ риоъят мекарданд ва оё марҳум ба андозаи кофӣ корозмуда буд.

Рӯзи 1 июни соли ҷорӣ дар Купчино низ чунин ҳодиса рух дода буд. Дар ин ҷо бинои кӯдакистон сохта мешуд ва ҳангоми суқути пиллаҳо як коргари 19-сола, ки ӯ низ шаҳрванди Тоҷикистон буд, кушта шуд. Дар он замон дар мавриди нақзи қавоиди амният ҳангоми умури сохтусоз парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Барчаспҳо:
марг, муҳоҷир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ