Лоиҳаи муштараки Вазорати меҳнат ва ВУД: назорати патентдорҳо пурзӯр мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи қонун корфармоҳоро водор мекунад, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба Фонди нафақа, Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва Фонди ҳифзи иҷтимоӣ маблағ пардохт кунанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазоратҳои меҳнат ва умури дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия доранд, ки метавонад коргарони ғайриқонуниро миёни муҳоҷирони патентдор муайян кунад.

Дар ин бора Максим Топилин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия иттилоъ дод.

Ӯ изҳор дошт, ки ҳамасола ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳое, ки узви Иттиҳоди гумрукӣ нестанд, вале бо Русия низоми бераводид доранд,  ҳудуди 1 миллион патент дода мешавад.

“Ба эҳтимоли зиёд аксари онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд ва феълан мо бо ВУД лоиҳаи қонунеро таҳия дорем, ки имкон медиҳад, Вазорати меҳнат тариқи таъсиси як пойгоҳи додаҳо муносиботи меҳнатиро назорат барад. Онҳоеро, ки патент доранд, назорат мебарем, ки оё пардохт мекунанд ё не”, - изҳор дошт вазир.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия тартиби нави сабти номи муҳоҷирон ҷорӣ шуд

Топилин таъкид намуд, ки қонун корфармоҳоро водор мекунад, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба Фонди нафақа, Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва Фонди ҳифзи иҷтимоӣ маблағ пардохт кунанд.

“Вақте мо ҳамроҳи Хадамоти андоз ва Фонди нафақа ҳамаи инро назорату ҳисоб кардан ёд мегирем, як низом пайдо хоҳад шуд. Мебинем, ки кӣ қонунӣ ва кӣ ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо патент, кор мекунад”, - изҳор доштааст вазири меҳнат.

Дар Русия барои мусоидат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷарима ва ҳабс пешбинӣ шудааст.

Инчунин қонун ба ВУД салоҳият медиҳад, ки тартиби ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва афроди бешаҳрвандиро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроия муайян кунад.

Лентаи хабарҳо
0