12:18 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
дастгиршуда, акс аз бойгонӣ

Дар Петербург муҳоҷири тоҷике дастгир шуд, ки тасмим дошт ба гурӯҳи ДОИШ пайвандад

© Sputnik / Григорий Сысоев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0

Ҷавони 26-солаи тоҷик тасмим доштааст ба Сурия равад ва ба гурӯҳи террористии ДОИШ, ҳамроҳ шавад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия муҳоҷири тоҷике дастгир шуд, ки тасмим доштааст ба гурӯҳи террористии ДОИШ (гурӯҳи террористие, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ аст), ҳамроҳ шавад, хабар додааст хабаргузории Фонтанка.ру.

Ҷавони 26-сола шаҳрванди Тоҷикистон буда, тасмим гирифтааст ба гурӯҳҳои террористӣ дар хориҷа ҳамроҳ шавад.

Аз моҳи феврали соли 2017 муҳоҷир бо ташвиқгарони гурӯҳи ДОИШ дар шабакаҳои иҷтимоии "Однокласники" ва "WhatsApр" дар тамос будааст.

Муҳоҷири дастгиршуда барои ба Сурия расидан ҳатто билети ҳавпаймо низ харидорӣ кардааст. Вай мехост аввал аз Петербург ба Маскав парвоз кунад, сипас ба шаҳри Истанбул равад ва аз онҷо ба Сурия. Аммо ба дар фурудгоҳ ба вай иҷозат надоданд ба самти Истанбул парвоз кунад. Пас аз мувафақ нашуданаш ӯ дубора ба шаҳри Санкт-Петербург баргаштааст.

Пас аз бозгашт ба шаҳри Санкт-Петербург муҳоҷири тоҷик тамосро бо ҷангҷӯёни ДОИШ идома медиҳад. Ба муҳоҷири ҷавони тоҷик нақшаи тарк кардани Русияро шаҳрванди 23-солаи дигари Тоҷикистон, ки аз соли 2017 дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дорад, барномарезӣ мекардааст.

Муҳоҷири ҷавони тоҷик аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Петербург дастгир шудааст ва нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Истанбул, дастгир шудани муттаҳамон ба ҳамкорӣ бо ДОИШ, ДОИШ, дастгир, террорист, парвандаи ҷиноятӣ, Русия, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ