Даҳ соли зиндон ба сокини Маскав барои ду тир ба сари муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов

© Sputnik / Илья ПиталевЗдание Мосгорсуда, архивное фото
Здание Мосгорсуда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъати мунсифаи додгоҳи Маскав сокини Маскавро бо як овоз дар ҳамла ба муҳоҷири тоҷик муҷрим донист: мард бо пистолети травматикии "ОСА" ду маротиба ба сари муҳоҷири тоҷик тир задааст

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Додгоҳи Маскав як сокини пойтахти Русияро барои ҳамла ба муҳоҷири тоҷикистонӣ ба 10 солу се моҳи зиндон маҳкум кард. Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Черемушкии Маскав Сергей Сарёв мӯҳлати ҷазоро дар зиндонҳои низомаш шадид адо мекунад.

Моҳи апрели соли 2016 Сарёв дар метрои Маскав ба Сулаймон Саидов, сохтмончии тоҷик дарафтод. Сарёв дар ҳолати мастӣ бо ин шаҳрванди Тоҷикистон ҷанҷол бардошт.

Аскар Нуралиев - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ришваситонии Нурализода: додгоҳ мавориди бештареро ошкор кард

Ҳамон шаб Саидов бо ҷиянаш аз кор ба хона бармегашт. Сарёв ба вагон ворид шуда, ҷияни Саидовро дашном дод, вақте ки Саидов ба ҳимояи хешовандаш бархост, ҷинояткор ба сари вай ду маротиба тир андохт.

Пас аз ин Сарёв аз вагон фирор намуд ва Саидов, ки ба хун оғӯшта шуда, аз ҳуш рафта буд, бо кӯмаки мусофирони метро ба бемористон дастрас шуд.Дар натиҷаи ин фоҷеа муҳоҷири тоҷик аз як чашмаш маҳрум шуда, чанд маротиба ҷарроҳӣ шуд.

Ҷинояткор пас аз як рӯзи ҳодиса дар хонааш боздошт шуд. Ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Ҳайъати мунсифаи додгоҳи Маскав сокини Маскавро бо як овоз дар ҳамла ба муҳоҷири тоҷик бо мақсади  муҷрим дониста, ҳамагуна сабукиро дар таъини ҷазо сарфи назар кард. Сергей Сарёв 10,3 солро дар зиндони низомаш шадиди Маскав адо мекунад.

Лентаи хабарҳо
0