00:08 12 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.74
  • RUB0.14
ҷуфти дилдодагон, акс аз бойгонӣ

Гуноҳаш ишқ буд: қатли донишҷӯи аълохони тоҷик барои ишқи духтари тотор

CC0 / Pexels
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
783 0 0

Як донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Сочӣ қурбони ишқи духтари тотор шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Саидамирхон Саидаҳмадов,  ҷавони 24-солаи тоҷик дар шаҳри Сочӣ аз зарби корд ба ҳалокат расидааст.

Тавре наздикони марҳум иттилоъ доданд, ҳодиса субҳи 9-уми август рух дода, далели қатлаш ошиқӣ бо духтари тотор будааст. Муттаҳамон, ки аз наздикони духтари тотор будаанд, феълан боздошт гардидаанд. Саидамирхон бо духтари тотор моҳи ноябри соли гузашта, вохӯрда дил додааст.

Ҷасади Саидамирхон, ки имсол бояд донишгоҳи Сочиро хатм мекард, ба зудӣ ба Ватан интиқол дода шуда, дар зодгоҳаш шаҳри Исфара ба хок супорида мешавад.

Барчаспҳо:
ишқи духтари тотор, қатли донишҷӯи тоҷик, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ