01:20 22 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Телефони қисми навбатдории пулис дар Маскав, акс аз бойгонӣ

Таҳдид ба пулис: тоҷиконро назорат кунед, вагарна тамоми Маскавро метарконам

© Sputnik / Виталий Белоусов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1411 0 0

Сокини Маскав ба пулис занг зада, таҳдид кардааст, ки муҳоҷирони тоҷикро санҷишу назорат кунанд, вагарна ӯ тамоми Маскавро метарконад

ДУШАНБЕ, 12авг — Sputnik. Тибқи иттилои шабакаи 360tv, марди номаълум тариқи телефон ба пулис иттилоъ додааст, ки дар биное дар кӯчаи "Большой Косинский" муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон қарор доранд. Зангзананда талаб кардааст, ки тоҷиконро санҷанд ва назорат кунанд ва таҳдид намудааст, ки дар акси ҳол ӯ тамоми Маскавро метарконад.

Манбаъ афзуд, ки маъмурини пулис дар суроғаи нишондодашуда муҳоҷиронро пайдо накардаанд ва феълан марди таҳдидгарро кофтукоб доранд. Зангзананда дар пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва терроризми телефонӣ муттаҳам мешавад.

Барчаспҳо:
занги телефонӣ, муҳоҷират, амният, таҳдид, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ