07:04 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
ҳалқаи наҷот. акс аз бойгонӣ

Дар Маскав як навраси тоҷикро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

© pixabay.com/succo
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Дар Маскав аз кӯли Садовий як шаҳрванди Тоҷикистонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Вазъи ҷавони 17-солаи тоҷик хуб арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Маскав гурӯҳи  наҷотдиҳандагон аз кӯли Садовий, ки дар шимоли шаҳр ҷойгир аст, як шаҳрванди Тоҷикистонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Дар ин бора хабаргузории "Маскав" хабар додааст.

"Ҷавон ҳангоми шино дар ҳавз, монда шуда аз наҷотдиҳандаҳое, ки наздик будаанд, кӯмак хост. Наҷотдиҳандагон Александр Овсянников ва Роман Шпаков ҷавонро аз об берун оварда, ба марказӣ наҷотдиҳии "Академическая" расонданд", — гуфта мешавад дар хабар.

Манбаъ афзудааст, ҳолати мазкур дар 50 метр дур аз соҳили кӯл рух додааст.

Ҳамон рӯз дар кӯли Терлетск як шаҳрванди Қирғизистон низ наҷот дода шудааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки наҷотдиҳандагони шаҳри Маскав як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.  Ҷавони 22-солаи тоҷик, ки шино карда наметавонистааст,аз наҷотдиҳандагон кӯмак хоста, аз ғарқшавӣ наҷот ёфтааст.

Барчаспҳо:
кул, оббозӣ, ғарқ, Маскав, ғарқшавӣ, ҷавон, тоҷик, наҷотдиҳанда, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ