10:45 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Кӯдакон Иди Қурбон

Тоҷикони Тотористон дар рӯзи Иди Қурбон барои кӯдакон идгардак ташкил мекунанд

© Sputnik Амир Исаев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Тоҷикони муқими Тотористон дар рӯзи Иди Қурбон сокинони шаҳри Қазонро бо оши палав ва барномаҳои консертӣ барои кӯдакон меҳмондорӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Қазон тасмим гирифтааст, пас аз намози Иди Қурбон барои кӯдакони ҳамватанон ва сокинони шаҳри Қазон идгардак ташкил намояд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Ҳикматулло Гадоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Тотористон, "Сомониён" хабар дод.

"Дар ин рӯз дар масҷиди "Гаиля" пас аз анҷоми намози Ид, ҷамъияти тоҷикон барои кӯдакони ҳамватанон ва сокинони пойтахти Тотористон оши палав пухта барои кӯдакон майдончаҳои бозӣ ва барномаҳои шавқовар омода мекунад", — таъкид кард Гадоев.

Инчунин манбаъ афзуд, ки ҷамъияти ҷавонони тоҷикони шаҳри Қазон барои меҳмонону кӯдакон барномаи консертӣ омода кардааст.

Ёдрас мешавем, ки дар Тотористон беш аз 30 ҳазор муҳоҷирони тоҷик зиндагиву фаъолият мекунанд. Бино ба иттилои хадамоти муҳоҷирати Тотористон дар 7 моҳи соли равон ба ин ҷумҳурӣ беш 27 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ворид шудааст. Инчунин 12 ҳазор тоҷик дар ин ҷумҳурӣ доимӣ кору зиндагӣ мекунад. 

Барчаспҳо:
Тотористон, идгардак, Қазон, кӯдакон, тоҷикон, ҷашн, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ