05:07 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Марду зан бо кӯдак, ҳангоми сайругашт, акс аз бойгонӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи табиби тоҷик барои хатнаи ғайриқонунӣ: кӯдак беҳуш шуд

© Sputnik / Александр Кряжев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
436 0 0

Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи табиби 54-солаи тоҷик, ки бидуни иҷозатномаи дахлдор дар шароити хона хатнаи кӯдаки дусоларо гузарондааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар Маскав, устои хатнагар дар амалиёти ғайриқонунии тиббӣ гунаҳкор мешавад. Ӯ барои гузарондани чунин амалиёт иҷозатнома надоштааст.

"Муттаҳам ба шарти берун нарафтан аз макони истиқомат дар озодӣ қарор дорад. Муфаттишон ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ доранд", —омадааст дар иттилоия.

Қаблан Юлия Иванова, ёвари сардори раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар Маскав иттилоъ дод, ки хатна 20-уми август рух додааст, ки дар натиҷа кӯдак ба "кома", ё худ ҳолати  беҳушӣ афтидааст.

"Ҷарроҳии хатнаи кӯдак, соли таваллудаш 2016, дар шароити хона дар маҳаллаи Десеновскои "Маскави нав" гузаронда шудааст, ки дар натиҷа кӯдакро ларза ва шоки анафилактикӣ фаро гирифтааст. Ӯ дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи шаҳрӣ оварда шудааст", — изҳор дошт Иванова.

Ба гуфтаи ӯ баъди расондани кӯмаки касбии тиббӣ кӯдак ба худ омад ва феълан вазъаш муътадил мебошад.

Волидони кӯдак гуфтаанд, устои хатнакунандаро ба онҳо шиносҳояшон тавсия додаанд.

Барчаспҳо:
беҳушӣ, хатна, хона, табибон, ғайриқонунӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ