13:53 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Шаҳрвандӣ надорам, беномам ва зан нагирифтаам: навори бозпурусии ҷавони тоҷик

© Sputnik Стас Этвеш
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1040 0 0

Ҷавони тоҷике, ки дар ҳавопаймо ҷанҷол бардошта, меҳмондорро як торсакӣ зад, аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия бозпрусӣ шудааст. Вай дар навор ба саволҳои суолкунанда посух медиҳад, ки ному насаб ва шаҳрванди надорад ва оиладор нашудаасту дар Омск таҳсил мекард

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия навири бозпурсии ҷавони тоҷикро мунташир кард. Дар он ҷавон бо дасту пойи бо селлофан баста менишинад ва ба саволкунанда таҳдид мекунад, ки ин навор ба дасти одамони даркорӣ мерасад.

 

"Ин наворро одамони даркорӣ тамошо мекунанд. Ту боварӣ дорӣ, ки…. Ту маро фаҳмидӣ?", — мегӯяд вай бо забони русӣ.

Марди саволкунанда аз ҷавони ҷанҷолӣ Далатқадамов Давлатқадам ном мебарад ва аз вай дар бораи  соли таваллуд, ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомат, шаҳрвандӣ, таҳсилот, вазъи оилавиаш пурсон мешавад.

Ҷавон дар посух мегӯяд, ки рӯзи таваллуд надорад шаҳрвандӣ надорад, зан нагирифтааст ва таҳсил накардааст.

Вай дар посух ба саволи он, ки дар Омск чикор мекард, гуфт, ки барои хондан омада буд.

Ёдрас мешавем, 28 август ҳавопаймои парвози Москва-Душанбе бо далели сар задани ҷанҷол дар ҳавопаймо ҳангоми парвоз ба фурудгоҳи Жуковский баргашт.

Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи тафтишотии Русия, як марди тоҷик дар ҳавопаймо ҷанҷол бардошта, меҳмондорро як торсакӣ задааст ва таҳдид кардааст, ки бомб дорад.

Тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҷанҷол, бозпурсӣ, ҳавопаймо, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ