02:15 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Автобус, акс аз бойгонӣ

Мақомоти Маскав аз муҳоҷирон хоҳиш намудааст, ки роҳкироро пардохт намоянд

© Sputnik / Евгений Самарин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Аз дохили беш аз ҳашт ҳазор автобусу троллейбусҳои шаҳри Маскав, аз 1-уми сентябри соли равон чархаҳои гузариш, ё худ "турникет" муваққатан бардошта шуд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Намояндагии Маркази муҳоҷирати шаҳри Маскав аз муҳоҷирон хоҳиш карданд, ки новобаста аз фаъолият накардани чархҳои гузариш дар дохили нақлиёти мусофирбар, роҳкироро пардохт намоянд, иттилоъ додааст "ММЦ" дар саҳифаи Facebook.

Аз 1-уми сентябр аз дохили беш аз ҳашт ҳазор автобусу трейлобусҳо муваққатан чархҳои гузариш ба сабаби ивази онҳо бардошта шуд. Муҳоҷирон ин иқдомро нодуруст фаҳмида бидуни супоридани роҳкиро вориди нақлиёти мусофиркаш мешаванд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки пардохт накардани роҳкиро дар нақлиёт, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аст ва ду ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад далели ихроҷи муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия шавад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки мақомот миқдори тафтишгаронро дар нақлиёти мусофиркаш 1,5 баробар зиёд кардааст.

"Миқдори тафтишгарон дар нақлиёти мусофиркаш ба маротиб зиёд шудааст. Ҳоло автобусҳоро бештар тафтиш мекунанд. Бори дигар хоҳиш мекунем, роҳкироро пардохт намоед, ки дар оянда ба мушкилот гирифтор нашавед", — гуфт манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта роҳкирои нақлиёти шаҳри Маскав зиёд шуда буд. Зиёдшавии тарифаҳо дар пойтахти Русия ба сабаби болоравии нархи сузишворӣ сурат гирифт.

Дар ҳоли ҳозир роҳкиро дар нақлиёти шаҳри Маскав 55 рублро ташкил медиҳад.

 

Барчаспҳо:
пардохту поиши роҳкиро, Маскав, хоҳиш, пардохт, мақомот, ҳушдор, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ