08:27 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Зӯроварӣ нисбати зан, акс аз бойгонӣ

Марди тоҷик дар боздошт ва таҳдиди қатли маъшуқаю хонаводааш айбдор мешавад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Кумитаи тафтишотии вилояти Калуга аз анҷоми тафтишот алайҳи шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар таҳдиди куштор, вуруди ғайриқонунӣ ба манзили истиқоматӣ ва маҳрум кардан аз озодӣ айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ, ки имрӯз дар сомонаи расмияш нашр шудааст,  марди 31-сола субҳи яке аз рӯзҳои моҳи марти соли равон вориди хонаи дӯстдухтараш дар Калуга шудааст.

“Муттаҳам аз ҳиссиёти рашк ба дӯстдухтараш таҳдиди қатл карда, тайи 5 соат ҷавонзанро бо модар ва писари 8-солааш дар хона нигоҳ доштааст”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ.

Манбаъ афзуд, ки муфаттишон далели кофӣ барои муттаҳам кардани шаҳрванди Тоҷикистон дар таҳдид ба куштор, маҳрум кардан аз озодӣ ва вуруди ғайриқонунӣ ба манзили зистро ҷамъ овардаанд ва парванда алайҳи ӯ ба додгоҳ ирсол шуд.

Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, зимни санҷиш маълум гардид, ки муттаҳам дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ