14:30 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Таркиш дар корхонаи пиротехникии Авангард дар вилояти Ленинград

Муттаҳам дар таркиш, ки 2 тоҷикистониро низ кушт, гуноҳашро иқрор кардааст (ВИДЕО)

МЧС РФ
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
419 0 0

Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Ленинград иттилоъ дод, ки сармуҳандиси корхонаи маводи пиротехникии “Авангард”, гуноҳашро барои таркиш дар ин коргоҳ, ки боиси марги 4 нафар, аз ҷумла ду муҳоҷири тоҷик шудааст, пурра иқрор намудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik.  Мақомоти тафтишотӣ дар мурофиаи додгоҳӣ, барои сармуҳандиси муттаҳам ҳабси хонагиро дар давоми тафтишот талаб хоҳанд кард, иттилоъ додааст РИА Новости.

Қарори додгоҳ дар мавриди муттаҳам, ки ба иттилои расонаҳои Санкт Петербург, Станислав Черников ном дорад, баъди зуҳри имрӯз содир шавад.

Муфаттишон мегӯянд, сармуҳандис кормандонро ба истеҳсолот бидуни аснод ва риояи қоидаҳои бехатарӣ роҳ додааст. Парвандаи ҷиноӣ барои нақзи қоидаҳои бехатарӣ дар иншооти аз нигоҳи таркиш осебпазир, ки боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст, ифтитоҳ гардидааст.

Рӯзи 19 октябр дар пайи таркиш дар корхонаи пиротехникии назди шаҳри Санкт Петербург чор нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон, як табаии Белорус ва шахсияти нафари чорум ҳанӯз маълум нашуааст. Ин таркиш инчунин 11 маҷруҳ барҷой гузоштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ