00:06 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Қатори масири Маскав - Душанбе, акс аз бойгонӣ

Боздошти ҷавонон дар Душанбе барои роҳзанию ғорати ҳамватан дар муҳоҷират

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
944 0 0

Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе ду марди 26 ва 27-сола, сокинони пойтахтро ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқииттилои Вазорати умури дохилӣ, боздоштшудагон 25-уми сентябри соли равон, ҳамроҳи марди 24-сола, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар Русия бо таҳдиди зӯроварӣ ба марди 35-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ҳуҷум намуда, бо истифодаи корд ва таппонча ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, аз ӯ 1 миллион рубли русиро тасарруф намудаанд.

“Сипас, барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудаашон худи ҳамон рӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид намуд, ки нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, роҳзанӣ, ғорат, муҳоҷират, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ