00:53 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото

Марги мармузи писараки 4-солаи тоҷик ҳангоми парвози Маскав-Душанбе

© Sputnik Стас Этвеш
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
269 0 0

Писараки 4-солаи тоҷик ҳангоми парвоз худро бад ҳис кардааст. Ҳавопаймо дар Оренбург нишастааст, аммо мутаассифона кӯдакро наҷот дода натавонистаанд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.Як писараки тоҷик ҳангоми парвози ҳавопаймои Маскав-Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи Внуково соати 22-и 23 октябр парвоз кардааст. Пас аз парвоз аҳволи писарак якбора бад шуда,  сарнишинон қарор додаанд, ки дар Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом диҳанд. Аммо мутаассифона ӯро наҷот дода натавонистанд.

Писаракро дар парвоз амакаш ҳамроҳӣ мекардааст.

Ҷасади шаҳрванди хурдакаки Тоҷикистон дар сардхонаи Оренбург қарор дорад. Ҳавопаймо ба Душанбе расидааст.

Ҳоло далели марги писараки хурдсоли тоҷик маълум нест.

Мавзӯъҳои асосӣ