23:56 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Арзиши патент дар Маскав гарон мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1138 0 0

Вакилони Маҷлиси шаҳри Маскав (Думаи шаҳрии Маскав) мегӯянд, боло рафтани арзиши патент буҷаи кишварро ғанитар мегардонад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Арзиши иҷозатномаи кор дар Маскав барои муҳоҷирон аз 1-уми январ 500 рубл гаронтар мешавад. Ҳамин тавр аз аввали соли 2019 муҳоҷироне, ки дар Маскав фаъолият мекунанд ҳармоҳа ба ҷойи 4500 рубл бояд 5000 рубл пардохт кунанд.

Тағйироти мазкурро имрӯз вакилони  Мосгордума дар маҷлиси навбатӣ ба тасвиб расониданд.

"Арзиши патент барои муҳоҷирон дар Маскав 4ҳазору 500 рублро ташкил медод. Мо боре арзиши онро гарон кардем ва ҳоло низ гарон мекунем. Ин иқдом пеш аз ҳама бо он мақсад аст, ки ба шаҳр муҳоҷирони маълумотдор оянд, ки кор карда тавонанд", - гуфтааст яке аз вакилон.

Вай афзудааст, ки гарон шудани арзиши патент ба ғанӣ гаштани буҷаи шаҳр мусоидат мекунад. Маблағи бадастомада ба ниёзмандиҳои иҷтимоӣ сарф карда мешаванд, афзудааст ӯ.

Мавзӯъҳои асосӣ