11:54 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото

Арзиши патент дар як вилояти дигари Русия гарон шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Арзиши патент дар вилояти Омски Русия аз моҳи январи соли 2019 бештар аз 14 дар сад гарон мешавад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Маҷлиси қонунгузории вилояти Омск тарҳи гарон кардани арзиши патентро барои муҳоҷирон тасдиқ кард, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Бино бар иттилои манобеъ, арзиши патент барои муҳоҷирон дар ин вилоят аз 1 январи соли 2019 то 14,1 дар сад боло рафта, 3 ҳазору 432 рублро дар як моҳ ташкил хоҳад дод. Интизор меравад, аз ҳисоби андози муҳоҷирон буҷаи вилоят ба 80 миллион рубл ғанитар шавад.

Вилояти Омск дар шимолу ғарби Сибир ҷой гирифтааст.

Пештар дар Маскав ва вилояти Ленинград низ арзиши патентро боло бардошта буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ