04:20 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Патентгирӣ дар маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар Маскав, акс аз бойгонӣ

Пешпардохт кунед: даъвати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз патентдорҳо

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
526 0 0

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти эҳтимолӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия додааст, ки то рӯзҳои истироҳатӣ ва идонаи солинавӣ маблағи патенташонро пардохт кунанд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, бо нашри як паём дар саҳифаи фейсбукияш аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват намудааст, ҳаққи патентро то 28 декабр пардохт намоянд.

“Ба шаҳрвандони хориҷие, ки мӯҳлати пардохти андози патенташон аз руйи ченаки 4500 рубл ба рӯзҳои аз 29 декабри соли 2018 то 9 январи 2019 рост меояд, барои бе мамоният ва бе мушкилӣ анҷом додани пардохт, тавсия дода мешавад, ки маблағи андози патентро то 28 декабри соли 2018 супоранд”, - навиштааст Аҳмад Иброҳим.

Ин даъват дар ҳолест, ки аз оғози соли нав нархи патент дар бархе аз минтақаҳои Русия, аз ҷумла дар Маскав, вилояти Ленинград ва Омск боло меравад.

Муҳоҷироне, ки дар Маскав фаъолият мекунанд, аз оғози соли 2019 ба ҷойи 4500 рубли феълӣ бояд 5000 рубл пардохт кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ