21:47 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Пулис зимни санҷиши санад дар истгоҳи роҳи оҳан, акс аз бойгонӣ

Роҳбари “ФСБ” гуфт, назорати муҳоҷиронро пурзӯр кардаанд

© Sputnik / Стас Этвеш
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Александр Бортников, роҳбари Хадамоти федеролии амният, “ФСБ”-и Русия мегӯяд, назорати муҳоҷиронро пурзӯр кардаанд, то террористон аз онҳо истифода набаранд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Мақомоти Русия аз аввали сол вуруди беш аз 10 ҳазор нафари муттаҳам дар феъолияти террористиро ба қаламрави кишвар иҷозат надоданд, изҳор дошт роҳбари “ФСБ”, Александр Бортников дар ҷаласаи Кумитаи миллии зиддитеррористӣ.

“Мақомоти умури дохилӣ ва марзбонӣ вуруди беш аз 10 ҳазор гумонбар дар доштани иртибот бо фаъолиятҳои террористӣ-экстремистиро мамнуъ карда, сафари беш аз 60 шаҳрванди Русия ва хориҷиро ба минтақаҳои даргири Шарқи Наздик ҷилавгирӣ намуданд”, - гуфт Бортников.

Ӯ афзуд назорати ҳаракати муҳоҷиронро пурзӯр намудаанд, то террористон аз муҳоҷирон истифода накунанд.

Қаблан раҳбари “ФСБ” иттилоъ дод, ки соли 2018 дар Русия беш аз 65 террорист, аз ҷумла 10 роҳбари гуруҳ нобуд карда шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ