23:16 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Такси, архивное фото

Шаҳрвандӣ надорӣ таксӣ нарон: меъёри нав ба қонунгузории танзими “таксӣ” дар Русия

© Sputnik / Артем Житенев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Вакилони парлумони Русия мехоҳанд ба қонунгузорӣ дар бораи танзими “таксӣ”, ки дар баррасии Думаи давлатӣ қарор дорад, меъёри нав ворид кунанд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Роҳбари Кумитаи давлатии Русия дар бораи нақлиёт ва сохтумон, Евгений Москвичев пешниҳод кардааст ба ашхосе, ки шаҳрванди Русия нестанд иҷозати таксиронӣ дода нашавад, хабар додааст РИА Новости.

Ба ақидаи кормандони Парлумон  ин меъёрро бояд ба қонунгузорӣ дар бораи танзими “таксӣ”, ки имрӯз дар Думаи давлатӣ баррасӣ ва бори дуюм хонда шуд, ворид кард.

“Ба фикри ман сараввал ба муҳоҷирони бешаҳрвандӣ иҷозати рондани таксиҳои сабукравро надод. Боварӣ дорам, ки имрӯз ронандаҳои худӣ басандаанд ва метавонанд ин навъи нақлиётро идора кунанд", - гуфт Москвичев.

Ӯ бар он аст, ки таксӣ – ин ягона навъи нақлиёти мусофиркашест, ки дар ҷустуҷӯи муштарӣ ва хатсайри худ озод аст. Махсусан барои ҳамин ин навъи мусофиркашонӣ бояд тақвият дода шавад.

Ғайр аз ин Москвичев пешниҳод кардааст, ки таксӣ набояд бе муоинаи техникӣ ба кор барояд ва ронандагони таксӣ дар панҷ сол як бор, мисли ронандаҳои нақлиётҳои касбӣ бозомӯзӣ карда шаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, кам нестанд воқеъаҳое, ки муҳоҷир-кормандони таксӣ ҳамчун ҷинояткор дастгир мегарданд. Яке аз ин гуна ҳодисаҳо ба наздикӣ дар Маскав рух дода буд.

Дар ноҳияи Тимирязевои Маскав ронандаи таксӣ ҳангоми муноқиша ба муштариён ҳамла кард. Оилаи ҷавон таксӣ ҷеғ задаанд ва ҳамроҳи сагчаашон хостаанд ба сайру гашт раванд, аммо ба ронанда ин хуш наомадааст ва аз бурдани онҳо ҳамроҳ бо сагашон даст кашидааст.

Дар натиҷа байни онҳо ҷанҷолу занозанӣ ба миён омада, ронанда ба рӯи марди 35 сола аз баллончаи махсусе (перцовый баллончик) маводи заҳролуд пошидааст.    

  

Мавзӯъҳои асосӣ