09:05 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Представитель Центра защиты детей Фатима Аллоярова. Архивное фото
© Sputnik / Тимур Осмонов

Аллоёрова оид ба мушкилоти кӯдакони муҳоҷирон

Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Намояндаи Маркази ҳимояи кӯдакон, Фотима Аллоёрова шарҳ дод, кӯдаконе, ки волидайнашон онҳоро ба наздикону хешовандонашон гузошта ба муҳоҷират мераванд ба кадом мушкилиҳо гирифтор мешаванд

Аллоёрова қайд кардааст, ба ҳолату вазъияти кӯдаконе, ки ба наздикон ва хешовандони волидайнашон монда шудаанд дар навбати аввал нозирони маҳалла, кумитаҳои гузару ҳавлиҳо ва муаллимони мактаб бояд аҳамият диҳанд.

Аз нигоҳи ӯ кӯдаконро танҳо бо як боваринома ба хешовандон гузошта рафтан пурра ба қонун мутобиқат намекунад.

“Хешовандоне, ки кӯдакони муҳоҷиронро зери нигоҳубини худ мегиранд бояд ба воситаи шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ васояти сарпарастӣ тартиб диҳанд. Бовариномаи оддӣ ҳатто агар ба воситаи нотариус тартиб дода шуда бошад, ҳам намешавад. Бояд васоятгар бошад. Гап дар сари он аст онҳое, ки кӯдаконро ба ӯҳдаи худ мегиранд дар навбати аввал бо фарзандонашон банд мебошанд, барои таъмини онҳо меҳнат мекунанд ва шояд вақти онҳо барои фарзандони наздикон нарасад”, - гуфт коршинос ба радио Sputnik.

Ба гуфтаи вай дар бисёр ҳолатҳо инхел кӯдакон арзашонро ба ҳеҷ кас гуфта наметавонанд, ки онҳо дар мактаб ва ё аз тарафи наздиконашон зери шиканҷа қарор мегиранд. Хадамотҳои иҷтимоӣ бошанд аз аҳволи онҳо танҳо баъди содир кардани ҷиноят аз тарафи худи онҳо огоҳ мешаванд.  

Барчаспҳо:
тарбия, ҳимоят, фарзанд, муҳоҷират

Мавзӯъҳои асосӣ