18:23 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Рӯзи душанбе дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии геологии Русия ба номи Орҷонкидзе кормандони пулис гуруҳи калони донишҷӯёни ингушро боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 18  дек — Sputnik. Дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии геологии Русия ба номи Орҷонкидзе аз сӯи кормандони пулис кофтукоб анҷом дода шуд, ки дар натиҷа донишҷӯёни зиёде боздошт шуданд, хабар додааст РИА Новости.

Боздоштшудагон, ки сафашон наздик ба 40 нафар мерасид, аксаряташон зодагони Ингушистон буданд ва ба шуъбаҳои умури дохилаи “Обручевский” ва “Зюзино” оварда шуданд.

Миёни донишҷӯён ғайр аз ингушҳо ба шӯъбаҳои умури дохила намояндагони дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Қафқози Шимолӣ, оварда шуда буданд.

Ҳангоми ҷустуҷӯ мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ  якчанд тапончаҳои травматикӣ ва маводи нашъаовар пайдо карданд.

Маълум гардидааст, ки ин боздошти оммавӣ метавонад ба шикояти шаҳрванди Тоҷикистон ба шуъбаи пулис, аз болои донишҷӯёни ингушӣ, ки гӯё ӯро лату куб карда аз тапончаи травматикӣ ба вай тир холӣ карда бошанд, рабт дошта бошад.

Айни ҳол ҳамаи донишҷӯён ҷавоб дода шуда, ба дарс рафта истодаанд. Намояндаи доимии Ингушистон дар назди раисҷумҳури Русия  сабаби боздошти онҳоро муайян мекунад.

Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби буҷаи Русия ҳамасола 15 ҳазор бурсия (квота) барои таҳсили ройгони хориҷиён дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ҷудо карда мешавад, ки тақрибан 5 ҳазораш ба шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.

Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми фиристодани дархост барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия барои соли хониши 2018/19 дар ҷои дуюм қарор доштааст.

Ҳамагӣ дар муассисаҳои таълимии Русия 270 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 70 ҳазорашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақисл ташкил медиҳанд.

 

Барчаспҳо:
боздошт, донишҷӯ, Русия, Тоҷикистон, Ингушетия

Мавзӯъҳои асосӣ