03:25 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Российские паспорта, архивное фото

Салоҳияти нави Путин: ба киҳо шаҳрвандии Русия ба осонӣ дода мешавад

© Sputnik / Тарас Литвиненко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
589 0 0

Думаи давлатии Русия ба раисҷуҳури кишвар салоҳияти наверо пешниҳод кардааст, ки ӯ мувофиқи ин қарори нав метавонад ашхоси гирандаи шаҳрвандиро ба таври имтиёзнок муайян кунад

ДУШАНБЕ, 18  дек — Sputnik. Думаи давлатии Русия қонунереро қабул кард, ки ба президенти кишвар салоҳияти муайян кардани ашхоси гуногуни хориҷиро барои гирифтани шаҳрвандӣ ба таври имтиёзнок, таъмин мекунад.

Ҳамин тавр, раисҷумҳур метавонад ба таври имтиёзнок ҳамватанонеро, ки дар кишварҳои гирифтори мушкилиҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ё ҷангзада ба сар мебаранд, ба шаҳрванди қабул кунад.

Қонуни нав, инчунин ба таври имтиёзнок гирифтани шаҳрвандиро ба аъзоёни барномаи муҳоҷирати худхоҳонаи ҳамватанон ба Русия, ки алакай соҳиби иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозатномаи иқомат шудаанд, мусоидат мекунад.

 Пешниҳод шудааст, ки ба ин афрод ҳуқуқи пешкаш кардани ариза дар бораи ба даст овардани шаҳрвандӣ дар ҳамон маҳале, ки худи онҳо барои зиндагӣ интихоб кардаанд, ба таври имтиёзнок ба роҳ монда шавад.

Чихеле, ки қайд шудааст мазмуни қоидаҳои дахлдор дар бораи ба таври имтиёзнок қабул кардани аъзоёни барномаи давлатии муҳоҷирати ҳамватанон  ба шаҳрвандӣ, ба ҳамаи онҳое, ки алакай дар Русия ба сар мебаранд паҳн карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи ноябр Владимир Путин фармонеро ба имзо расонида буд, ки мувофиқи он як зодаи Тоҷикистон, ки 20 сол пеш соҳиби шаҳрвандӣ шуда буд, аз ин мақом маҳрум гашт.

Дар ҳуҷҷати мазкур қайд шудааст, ки Путин ба фармони соли 1998 тағйирот ворид карда, як зодаи Тоҷикистон, Всилев Андрей Викторовичро барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва додани маълумоти бардурӯғ ба муасисаҳои дахлдор, аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаст.

Дар фармоне, ки дар асоси он 20 сол пеш Василев соҳиби шаҳрвандӣ шуда буд, гуфта мешвад, ки вай соли 1974 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ҳангоми ба имзо расидани он фармон дар минтақаи Краснодар зиндагӣ мекардааст.

Чанде пеш ноиби вазири Вазорати умури дохилаи Русия Игор Зубов гуфта буд, ки МВД қонунгузории ба таври содда гирифтани шаҳрвандиро барои ҳамватанон ва ашхоси ниёзманд ба тартиб дароварда дар ҳолатҳои зарурӣ тағйир медиҳад.  

 

 

 

 

Барчаспҳо:
муҳоҷират, Тоҷикистон, шаҳрвандӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ