21:10 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
В СИЗО, архивное фото

Аввалин аъзои “банда ФСБ” барои куштори муҳоҷирон дар Урал ба 24 сол маҳкум шуд

© Sputnik / Сергей Пятаков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Гуруҳе аз афсарони Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) ва Вазорати умури дохилаи (ВУД) Русия дар ҳавзаи Урал зиёда аз 10 кушта ба ҷо гузоштаанд, ки миёна қурбониён муҳоҷирони тоҷик низ будаанд

ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Аъзои ин “гуруҳ”, собиқ корманди ФСБ дар вилояти Тюмен, Алексей Коротов барои даст доштан дар 7 куштор ба муҳлати 24 сол равона зиндон карда шуд, хабар додааст РИА Новости.

Ҳукми ин қотилро додгоҳи ҳавзаи Урал баровардааст.

Ба маълумоти мақомоти тафтишотӣ, гуруҳи афсарон аз ФСБ ва ВУД мехостаанд фаъолияти тоҷиронеро, ки бо роҳи ғайриқонунӣ маблағ ба меовардаанд ва ём ба интиқоли пул ба хориҷа машғул будаанд, зери назорати худ бигиранд.

Дар парвандаи ҷиноӣ дар давоми солҳои 2008-2016 зиёда аз 10 ҳолати куштор ба қайд гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин қурбони ин гуруҳ зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, низ будаанд. Куштори муҳоҷиронро барои тарсонидани тоҷирони Тюмен ба кор мебурдаанд. Якчанд шаҳрванди Тоҷикистон, низ қурбони дасти ин гуруҳи ҷиноятпеша шудаанд.

Додгоҳ Коротковро гунаҳкор дониста ӯро ба миқдори ним миллион рубл ҷарима кардааст.

Инчунин собиқ корманди ФСБ ҳукмашро дар зиндони низомаш вазнин паси сар хоҳад кард.

Дар суханҳои охираш Коротков аз наздикон ва дӯстони қурбониён узр хоста, аз додгоҳ пурсидааст, ки ба ӯ “ҳукми боадолат” диҳад.

Ба маълумоти расонаҳои хабарӣ дар ин парвандаи ҷиноии умумӣ боз номҳои мураббӣ оид ба самбо Александр Кобилин ва собиқ пулис Сергей Зазуля, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сабт шудаанд. Намояндаи чоруми ин гуруҳ нишонгири ФСБ Сергей Гилев дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба худкушӣ даст задаст.  

Барчаспҳо:
ФСБ, куштор, муҳоҷир, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ