23:10 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Поезд из Средней Азии, архивное фото

Дар соли 2018 зиёда аз 5,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
125 0 0

Танҳо 15-20 дар сади ашхосе, ки мехостанд тариқи барномаи муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия кӯч банданд, ба талабот ҷавобгӯ будаанд

ДУШАНБЕ, 25 дек - Sputnik. Русия мувофиқи барномаи давлатии муҳоҷират дар соли 2018 аз Тоҷикистон 1,3 ҳазор оиларо, ки аз 5,5 ҳазор нафар иборат будаанд қабул кардааст. Дар ин бора ба РИА Новости роҳбари намояндагии ВУД Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ ҳамагӣ ба номояндагии ВУД Русия оид ба муҳоҷират 6 ҳазор нафар муроҷиат карда буд. “Барои муқоиса дар соли 2017, 2,1 ҳазор нафар қабул шуда буданд. Дар соли равон 1,696 ҳазор шаҳодатномаи иштирокчии барномаи давлатии муҳоҷират ҷудо шудааст”, - гуфт Маркевич.

Ба гуфтаи ӯ танҳо 15-20 дар сади ашхосе, ки мехостанд тариқи барномаи муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия кӯч банданд ба талабот ҷавобгӯ будаанд. “Миқдори зиёди ашхосе, ки барои иштирок дар ин барнома ба намояндагии ВУД Русия оид ба муҳоҷират муроҷиат кардаанд, ба мақсадҳои ин барнома ҷавобгӯ нестанд, онҳо танҳо мехоҳад ба ин восита бо осонӣ шаҳрвандӣ ба даст оранд ва дар Русия кор карда патенту андоз насупоранд”, - илова кардааст вай.

Ба гуфтаи роҳбари намояндагии ВУД, дар чаҳорчубаи ин барномаи давлатӣ, ки аз соли 2013 корашро оғоз кардаст, дар Тоҷикистон ба зиёда аз 6,6 ҳазор нафар шаҳодатномаи иштирокчии барномаи муҳоҷират ба Русия дода шудааст.

Маркевич илова кардааст, ки миёни Тоҷикистониён вилоятҳои Тамбов, Воронеж, Саратов, Самара, Свердловск ва минтақаи Хабаровск талаботи зиёдтар доштаанд. Дар ин барнома 61 вилояту минтақаи (субъект) Русия ворид шудаанд.

Барчаспҳо:
иштирок, муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ