07:00 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Пожары в Греции

Ҳалокати фоҷиабори кӯдаки 2 ва 4-солаи Замира ва Раҳимҷон дар пайи сӯхтор дар Бошқирдистон

© REUTERS / COSTAS BALTAS
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
697 0 0

Наҷотдиҳандагон пас аз хомӯш кардани оташсӯзӣ аз манзили сӯхта ҷисми ду кӯдаки хурдсолро пайдо карданд, ки фарзандони муҳоҷирони тоҷик Замира ва Раҳимҷон будаанд

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Дар  Бошқирдистон дар пайи сӯхтор дар манзили истиқоматие ду кӯдак фавтиданд, хабар медиҳад Раёсати Кумитаи тафтишотии Бошқирдистон.

Бино бар маълумоти пешакии тафтишот, сӯхтор бо далели расиши кӯтоҳи ноқилҳо ба амал омадааст.

Тавре манбаъ меафзояд, пас аз хомӯш кардани сӯхтор аз манзили сӯхта ҷисми ду кӯдакро, ки яке 2 ва дигаре 4-сол доштаанд, пайдо карданд.

"Модари кӯдакон вақте субҳ аз хона баромадааст, дидааст, ки ҳисобкунаки барқ оташ гирифтааст. Зан ба хонаи ҳамсояҳо рафта хоҳиш кардааст, ки дар хомӯш кардани сӯхтор кӯмак кунанд, аммо онҳо вақте ки ба манзил бармегарданд, хона аллакай оташ гирифта будааст. Касе натавонистааст вориди манзил шуда, кӯдаконро наҷот диҳад. Кумита бо моддаи "ба ҳалокат расонидани ду ва ё зхиёда ашхос аз рӯйи беэҳтиётӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бино бар маълумоти тафтишот, падари кӯдакон Раҳимҷон ном дошта, 52 сол доштааст ва модари кӯдакон Замираи 31-сола ба наздикӣ аз Тоҷикистон ба Бошқирдистон омада будааст. Марди хонавода дар рӯзи ҳодиса дар манзилаш набудааст. Хонавода манзили кӯҳнаеро ба иҷора гирифта будаанд.

Раҳимҷон шаҳрвандии Русияро доштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ