07:41 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Бинои парлумони Қазоқистон (аз рост), акс аз бойгонӣ

Сенаторҳои қазоқ: ним миллион тоҷикистонӣ дар 11 моҳ вориди Қазоқистон шудаанд

© Sputnik / Алексей Бабушкин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
271 0 0

Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Сенати парлумони Қазоқистон чанд лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишномаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират ва тартиби будубоши шаҳрвандонро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Созишномаи мазкур, ки моҳи марти соли равон дар Остона имзо шуд, танзими бахши муҳоҷират, тартиби додани паноҳандагӣ, табодули иттилоъ ва ҷалби нерӯи кориро фаро мегирад.

Тибқи иттилои Zakon.kz, аъзои Сенат инчунин созишнома дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ карданд, ки бар асоси он, шаҳрвандони ду кишвар ҳуқуқи ҳузури бидуни қайд то 30 рӯз ва то 90 рӯз бо қайди ҳатмӣ баъди убури марзро соҳиб мешаванд.

Сенатор Владимир Волков, зимни баррасии созишномаҳо гуфт, тайи 11 моҳ 492 ҳазору 287 шаҳрванди Тоҷикистон вориди Қазоқистон шуда, 489 ҳазору 865 нафар хориҷ шудаанд.

“Муваққатан дар Қазоқистон 56 ҳазору 396 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 33 ҳазору 273 нафар бо корҳои шахсӣ, 10120 ба ҳайси сайёҳ ва 10072 нафар бо мақсади кор сабт шудаанд. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан дар шаҳр ва вилояти Алмато ва шаҳри Остона ба қайд гирифта шудаанд ”, - иттилоъ додааст Волков.

Омори зиёди вуруд ва берун шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон дар ҳолест, ки бисёри муҳоҷирони тоҷик баъди се моҳи ҳузурашон дар Русия бояд марзро убур намоянд ва барои ин кор аксаран ба Қазоқистон сафар мекунанд.  Муҳоҷирони меҳнатие, ки патент доранд, метавонанд тайи як сол бидуни убури марз дар Русия бимонанд, аммо бо гузашти як сол онҳо низ уҳдадоранд хориҷ шаванд.

Бар асоси омори ироашуда дар Сенат, тайи 11 моҳ 3777 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои будубош дар Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 691 нафар бардарға гардидаанд.

Сенатор Волков таъкид кард, ки тасвиби созишномаҳои ҷадид бо Тоҷикистон афзоиши вуруди тоҷикистониёнро ба ин кишвар дар пай надорад.

Феълан лоиҳаҳои қонун барои тасвиби созишномаҳои мазкур ба палатаҳои парлумони Қазоқистон ироа гардиданд.

Мавзӯъҳои асосӣ