Дар Санкт-Петербург муҳоҷирро барои оташ задани мошини корфармо дастгир намуданд

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зодаи Тоҷикистон баъди муноқиша бо корфармо дар Санкт-Петербург мошини ӯро оташ задааст

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Дар Санкт-Петербург кормандони пулис муҳоҷиреро, ки мошини пудратчии сохтмонро дар шащри Виборг оташ зада буд, дастгир кардаанд, итилоъ додааст хабаргузории “Мойка”.

Муҳоҷири тоҷик бо пудратии сохтмон муноқиша карда, баъдан хостааст аз ӯ қасд бигирад. Тоҷик медонистааст, ки мошини корфармо дар куҷо ҷой карда мешавад.

Вай ба воситаи “Электричка” аз Санкт-Петербург ба шаҳри Виборг рафта аз нуқтаи сӯзишворӣ бензин харида ва наздик ба соати 3 шаби 27 июн автомашинаи тамғаи  Nissan X-Trail-и корфарморо оташ задааст.

Аммо оташро сари вақт хомӯш кардаанд ва мошин ба пурагӣ насӯхтааст.

Баъди ин амали бад муҳоҷир ба Тоҷикистон сафар намудааст, аммо кормандони пулис бо далели қасдан аз байн бурдани моликияти шахси дигар нисбати ӯ делои ҷиноӣ боз намудаанд. Инчунин баъди 6 моҳ кормандони ҳифзи ҳуқуқ тавонистаанд айбдоршавандаро дар яке аз биноҳои шаҳри Виборг дастгир кунанд.

Айни ҳол айбдоршаванда дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи декабри соли 2018 дар Санкт-Петербург як гуруҳи муҳоҷирон, ки ба ғоратгарӣ машғул будаанд дастгир шудаанд. Онҳо 10 мағозаи шаҳрро ба миқдори 130 ҳазор рубл ғорат намудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0