08:46 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Таджикские трудовые мигранты в поезде, архивное фото

Муҳоҷирро даъват кардӣ, аз паяш шав: қонуни нави муҳоҷиратии Русия ба тасвиб расид

© Sputnik / Марина Маковецкая
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
804 0 0

Агар ҷониби даъваткунанда чораҳои заруриро наандешад, ки муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрвандӣ мақсади вуруд ва муҳлати будубошашонро дар Русия риоя кунанд, ҷарима мешавад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия, ки хориҷиёнро ба кишвар даъват мекунанд, ба хуруҷи саривақтии муҳоҷир аз кишвар ва риояи мақсади нишондодаашон ҳангоми вуруд ба Русия, мутасаддӣ мешаванд. Дар ин бора дар Русия қонуни вижа ба тасвиб расид.

Моҳи июли соли 2018 раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он шаҳрвандони Русия, ки хориҷиёнро ба кишвар даъват мекунанд ва аз пайи риояи мақсадҳои нишондодаи муҳоҷир ва ихроҷи саривақтии ӯ намешаванд, то 500 ҳазор рубл ҷаримаи маъмурӣ мешаванд.

Мувофиқи қонун, агар ҷониби даъваткунанда барои саривақт Русияро тарк кардани муҳоҷир чораҷӯӣ накунад, ӯ маҷбур аст ҷарима пардохт кунад:  шахсони воқеӣ  аз 2 то 4 ҳазор рубл, шахсони мансабдор аз 45 то 50 ҳазор рубл ва шахсони ҳуқуқӣ аз 400 то 500 ҳазор рубл.

Тавре ҳуқуқшинос Ашот Норсоян ба РИА Новости тавзеҳ додааст, агар пештар ҷониби даъваткунанда ба муҳоҷир кафолати манзил, маош ва бимаи тиббиро медод, ҳоло мувофиқи қонуни нав "як навъ замонати ҷониби даъваткунанда барои муҳоҷир муайян карда мешавад".

Вай афзудааст, ки тартиби амали ҷониби даъваткунанда ҳоло муайян карда нашудааст, аммо лоиҳаи ҳукумат дар ин мавзӯъ омода аст. Интизор меравад, ки ҷониби даъваткунанда бояд ба муҳоҷир оқибатҳои нақзи қонунро фаҳмонда диҳад ва ҳангоми сар задани мушкилии ихроҷ аз кишвар ба вай кӯмак расонад.

Агар маълум шавад, ки муҳоҷир ба ҳама "ҷидду ҷаҳди" ҷониби даъваткунанда нигоҳ накарда, мақсади нишондодаашро иҷро намекунад, пас ҷониби даъваткунанда дар ин бора ба ВУД Русия хабар медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ