06:51 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Аз маҳал то вазоратнишинҳо: раисиҷумҳур аз мансабдорон хост, бо муҳоҷирон наздиктар бошанд

© Sputnik / Михаил Климентьев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1558 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мансабдорони тоҷикро аз сатҳи маҳалҳо то сафорату вазоратҳо вазифадор кардааст, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ наздиктар бошанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Раисиҷумҳур дар ҷаласаи васеи Ҳукумат, таъкид намудааст, ки алоқаи намояндагиҳои мо дар хориҷи мамлакат бо муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият дода шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти робита бо муҳоҷирон, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои мамлакат, ҳамзамон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст.

Дар ҳоле, ки бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои ифротӣ дар муҳоҷират ҷалб мешаванд, Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ таваҷҷуҳ карда, мақомоти дахлдорро ба зиракӣ даъват намудааст.

“Кӯшишҳо бояд ба он равона гарданд, ки сабабу омилҳои пайдошавӣ ва ташаккули ақидаҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеа таҳлил карда, чораҳои пешгирикунанда андешида шаванд”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин раисиҷумҳур аз содиршавии баъзе намудҳои ҷиноят, аз қабили қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунӣ бо силоҳ, худсарона ишғол намудан ва ғайриқонуни додани қитъаҳои замин ва муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор, ҷинояткории ноболиғон изҳори нигаронӣ кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ