22:42 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Денежные купюры, архивное фото

Маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон баробар ба 35-37% ММД кишвар аст

© Sputnik / Владимир Трефилов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
128 0 0

Маблағи фиристодаи муҳоҷирон дар соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард долларро ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҳаҷми умумии маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 35-37 дар сади маҷмӯи маҳсулолти дохилаи (ММД) кишварро ташкил кардааст, дар мусоҳиба ба РИА Новости изҳор доштааст сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Вай қайд кардааст, ки дар Русия мувофиқи маълумотҳои расмӣ наздик ба 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи сафир давоми панҷсоли охир муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон зиёда аз 15 миллиард доллари амрикоӣ фиристодаанд, ки ин нишондиҳанда се баробар зиёдтар аст аз сармоягузориҳои мустақими ҷалбнамудаи кишвар дар ҳамин давра.

Сафир қайд кардааст, шумораи ҷойҳои корӣ  дар Русия барои муҳоҷирон ба таври умумӣ муайян нашудааст. Аммо ҳар як минтақа ҳаҷми ҷойҳои кории худро пешниҳод мекунад.

Дар семоҳаи сюми соли 2018 муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба кишвар 253,8 миллион доллар интиқол додаанд.

Интиқоли маблағҳо тариқи низоми пардохт сурат гирифтааст.

Қайд шудааст, ки ҳаҷми миёнаи маблағи интиқолёфта аз Русия ба Тоҷикистон 534 долларро ташкил кардааст.

Дар ин ҳол аз Тоҷикистон ба Русия аз тарафи шахсони воқеъи 28 миллион доллар интиқол дода шудааст. Ҳаҷми миёнаи он 562 долларро ташкил додааст.

Дар бонки марказиии Русия тасдиқ кардаанд, ки аз тарафи муҳоҷирон дар Русия аз ҳама зиёд ба Узбакистон маблағ интиқол меёфтааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ