16:02 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Международный марафон на поезде Душанбе – Москва.

Оё муҳоҷирон дар қатораи Душанбе-Москва таҳорат карда ва намоз хонда метавонанд?

Д. Саъдуллоев, МФОККиКП
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
623 0 0

Уламои маркази исломӣ дар посух ба суоли Малоҳат гуфтаанд, агар дар қатора шароит бошад, мумкин аст ва агар шароит набошад, намозгузор метавонад таяммум кунад

ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Малоҳат ном зан, ки зоҳиран муҳоҷир аст,  дар вебгоҳи Маркази исломии Тоҷикистон аз мутахассисон пурсидааст, ки "оё дар қатори Душанбе-Москва намоз хондан дуруст аст?".

Уламо дар посух ба саволи зан гуфтаанд, ки таҳорат ва намоз дар қатор равост.

"Хоҳари азиз, агар имконияти таҳорат кардан дар чунин қатора мавҷуд бошад, таҳорат мекунед ва агар имконият набошад, таяммум карда намозро адо мекунед", - изҳор доштаанд коршиносони марказ.

Муҳоҷири дигар, ки аз вай вебгоҳ Арбоб ном мебарад, низ пурсидааст, ки чигуна ҳангоми сафар аз Русия ба Тоҷикистон бо мошин намоз хонад.

"Бародари азиз, шумо дар ҳолати сафар намозҳоятонро қаср мехонед, яъне намозҳои фарзи чаҳорракъатиро то вақти расидан ба хона дуракъатӣ мехонед", - посух додаанд ба вай.

Фирӯз ном ҷавоне ҳам худро ғариб (муҳоҷир - идора) гуфта, пурсидааст, ки "ба намози бомдод 10 - 15 дақиқа дер кардан дуруст аст?".

"Бародари азиз, вақти намози бомдод маҳдуд ба даҳ ё понздаҳ дақиқа нест, балки вақти он аз субҳи содиқ шуруъ шуда, бо тулуъи офтоб тамом мешавад. Агар шумо намози бомдодро дар байни ин ду вақт гузорида бошед, иншоаллоҳ халале дар он нест. Худованд шуморо дар ҳифзу ҳимояташ нигоҳ дорад", - посух додаанд аз маркази исломӣ ба Фирӯз.

Муҳоҷират дар Тоҷикистон ва натанҳо, масъалаи доғи рӯз аст. Бештар аз 800 ҳазор шаҳвандони Тоҷикистон ҳамасола дар ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд. Аз ин шумора, на танҳо мардон, занони тоҷик низ барои дарёфти қути лоямут ба кишвари хориҷ мераванд ва аз наздиконашон муддатҳо дур мемонанд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон моҳи июли соли 2018 зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан дар Русия 1 миллиону 121 ҳазору 337 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, аммо на ҳамаи онҳо муҳоҷирони меҳнатиянд. Ӯ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро 664 ҳазор нафар арзёбӣ кард.

Мавзӯъҳои асосӣ