07:12 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев

Занги Раҳмон ва имзои Назарбоев зери 3 созишномаи нав бо Тоҷикистон

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
40920

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон се созишнома бо Тоҷикистон дар бахши муҳоҷират ва ҳузури шаҳрвандон дар қаламрави тарафайнро имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон, се созишнома бо Тоҷикистон 25 январ имзо шуданд. Худи ҳамон рӯз суҳбати телефонии Назарбоев бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон, сурат гирифтааст.

Бар асоси созишномаҳои имзошуда шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки тайи 30 рӯз бидуни қайди иқомат дар қаламрави тарафайн ҳузур дошта бошанд. Инчунин созиш шудааст, ки шаҳрвандони ду кишвар ҳуқуқи будубош то 90 рӯз бо қайди ҳатмӣ баъди убури марзро соҳиб мешаванд.

Ҳафтаи қабл Калмуханбет Қосимов, вазири умури дохилии Қазоқистон, дар ҷаласаи парлумони кишвараш гуфта буд, ки созишномаҳо бо Тоҷикистон барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат карда, ҳеч пайомади манфии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ надоранд.

Имзои созишномаҳои нав дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмии мақомоти Қазоқистон тайи 11 моҳи соли 2018, 492 ҳазору 287 шаҳрванди Тоҷикистон вориди Қазоқистон шуда, 489 ҳазору 865 нафар хориҷ шудаанд.

“Муваққатан дар Қазоқистон 56 ҳазору 396 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 33 ҳазору 273 нафар бо корҳои шахсӣ, 10120 ба ҳайси сайёҳ ва 10072 нафар бо мақсади кор сабт шудаанд. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан дар шаҳр ва вилояти Алмато ва шаҳри Остона ба қайд гирифта шудаанд ”, - иттилоъ дода буд сенатор Владимир Волков, зимни баррасии созишномаҳо дар парлумон.

Бар асоси омори ироашуда дар Сенат, тайи 11 моҳ 3777 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои будубош дар Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 691 нафар бардарға гардидаанд.

Барчаспҳо:
Нурсултон Назарбоев, Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрвандон, муҳоҷират, Тоҷикистон-Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ