23:58 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Боздошт ҳангоми гирифтани маблағ, акс аз бойгонӣ

Ваъдаи кору маоши хуб дар Олмон: парвандаи мақомдори Душанбе барои фиребкорӣ

© Видео / пресс-служба ГКНБ КР
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1005 0 0

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Нуралӣ Назриев, раиси Иттифоқи хоҷагии деҳқонӣ ва соҳибкорон дар шаҳри Душанберо дар қаллобӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи нашркардаи Ожонс, Назриев ба ивази маблағҳои зиёд ба шаҳрвандон ҷои кору маоши хуб дар Олмону Норвегия ваъда медодааст.

Манбаъ афзуд, ин аъмол баъди он ошкор гардиданд, ки шаҳрванд “А” аз фиребкории Назриев ба Ожонси мубориза бо фасод шикоят кардааст.

Ба иттилои Ожонс,  муайян карда шуд, ки Назриев Нуралӣ тахминан моҳҳои август-октябри соли 2017, дар шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз  боварӣ аз шаҳрванд “А” 29 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Айбдоршаванда ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки “А” ва 6 нафар аз дӯстонашро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҷумҳуриҳои Норвегия ва Олмон бо таъмини ҷойи кор ва маоши баланд равон мекунад.

Манбаъ илова намуд, ки Назриев ба манфиати муроҷиаткунанда ҳеч коре анҷом надода, ба ӯ зарари калони моддӣ расондааст.

Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Назриев барои қаллобӣ анҷом ёфта, он барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ