17:05 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото

Лавров: дигар муҳоҷирон имкониятҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия надоранд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
354 0 0

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия як қатор имтиёзҳоеро соҳибанд, ки онҳоро шаҳрвандони диагар кишварҳое, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нестанд, надоранд

ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Ягон кишвар ба ҷуз кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мисли Тоҷикистон дар Русия имтиёз надорад, дар суханронияш доир ба масоили муҳоҷират гуфт вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров.

“Бояд зикр кард, ки миёни кишварҳое, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нестанд Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҳамаи шартномаҳо ва имтиёзҳояшро вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия то ҳади имкон истифода менамояд”,- қайд кард Лавров.

Ӯ ёдовар шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бе қайди иқомат то 15 рӯз метавонанд буду бош кунанд. Ин дар ҳолест, ки муҳлати буду боши шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нестанд бе қайди иқомат то 7 рӯз муайян шудааст. Инчунин патент барои муҳоҷирони тоҷик то ба муҳлати се сол дода мешавад.

Имрӯзҳо арзиши патент дар Маскав 5 ҳазор рубл ва дар вилояти Маскав 4750 рублро ташкил медиҳад.

“Албатта хоҳиши поён бурдани арзиши патент ва тезтар пешкаш намудани онро ба муҳоҷирон дорем ва ин қисмати гуфтушунидҳои мо мебошад”, - гуфт Лавров.

Ба гуфтаи ӯ як қатор ҳуҷҷатҳо, ки баҳри осонтар намудани мушкилиҳои  муҳоҷират ва қонунӣ гардонидани ин раванд, барои ба имзо расонидан омода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо Лавров бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ алакай бо раисҷумҳри кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддини Муҳриддин гуфтушунид ба анҷом расонд.  

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмони зери назари Русия аст, ки ба он Русияву Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон шомиланд. Русия борҳо аз Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон бипайвандад. Аммо Тоҷикистон то ҳол хулосаи амиқе нисбати ин масъала набаровардааст.

Барчаспҳо:
Раҳмон, Лавров, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ