09:20 20 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Сохтмончиён дар ҷойи кор, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон 6,8 ҳазор муҳоҷири меҳнатии хориҷиро қабул кардааст

CC0 / Pixabay
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2018 ба кишвар 6 ҳазору 837 муҳоҷири меҳнатии хориҷӣ бо иҷозати ин ниҳод қабул гардидаанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сангинзода зимни нишасти матуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳамасола барои қабули муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бо фармони раисиҷумҳур квотаи махсус муайян карда мешавад.

“Соли 2018 квотаи умумӣ 7500 нафар муайян гардид ва 6837 нафар ҷалб гардиданд”, - гуфт Сангинзода.

Ба иттилои Вазорат, иҷозатномаи кор дар Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисос дода мешавад, ки дар лоиҳаҳо бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд.  Масъулини ин ниҳод гуфтанд, азбаски сармоягузори аксари лоиҳаҳо дар Тоҷикистон Чин мебошад, муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар кишвар низ шаҳрвандони Чин мебошанд.

Вазорати меҳнат таъкид кард, ки иҷозатнома ба мутахассисони хориҷӣ барои як сол бо шарти омода кардани мутахассисони ватанӣ дода мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ