21:35 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳукми зиндони нозири минтақавӣ барои гирифтани пора аз муҳоҷири тоҷик

© Sputnik / Максим Богодвид
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
155 0 0

Додгоҳ нозири минтақавӣ дар шаҳри Екатеринбургро барои гирифтани пора аз муҳоҷири тоҷикистонӣ ба 4,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати Кумитаи тафтишотии вилояти Свердлов, муфаттишони ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург далели кофӣ барои исботи фасодкории нозири минтақавиро ҷамъ оварданд.

Тафтишот муайян кардааст, маҳкумшуда моҳи феврал соли 2018, ки он замон дар мақоми нозири минтақавӣ кор мекардааст, ба воситаи миёнрав аз як муҳоҷир барои баргардондани шиноснома 15 ҳазор рубл гирифтааст, иттилоъ дод Кумитаи тафтишотӣ.

Расонаҳои Екатеринбург мегӯянд, ҷабрдида дар ин қазия шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки аз фасодкории нозири минтақавӣ ба мақомот шикоят бурдааст.

Бо қарори додгоҳ маҳкумшуда инчунин барои 5 сол аз ҳаққи ишғоли вазифа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳрум гардидааст.

Додгоҳ миёнарав дар ин амали ғайриқонуниро ба 3 соли зиндон маҳкум намудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ