17:31 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15

Путин гуфт, барои муҳоҷирони "қобил" низоми сода ва замонавӣ тартиб диҳед

© Sputnik / Алексей Никольский
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
837 0 0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид кард, ки бояд барои муҳоҷироне, ки қонунгузории Русияро риоя мекунанд, як низоми замонавӣ ва соддаеро тартиб дод

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҳама гуна қонуншикании муҳоҷиратиро бояд сари вақт пешгирӣ кард, эълом дошт раисҷумҳури Русия Владимир Путин.

Вай афзуд, ки яке аз вазифаҳои муҳими ВУД- таъмини тартибот ва қонун дар соҳаи муҳоҷират мебошад.

Путин аз қабулшавии  Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷиратии Русия барои солҳои 2019-2025 ёдрас шуд. Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки дар ин кор бояд бодиққат шуд.

"Мехоҳам таъкид кунам, ки ҳама гуна қонуншикании муҳоҷиратиро бояд сари вақт пешгирӣ кард. Дар ҳамин ҳол бояд зина ба зина сифати хизматрасониҳои давлатиро дар соҳаи муҳоҷират баланд бардошт, низоми муҳоҷиратии муосирро тартиб дод, ки барои муҳоҷирон қулай  бошад", - изҳор дошт Владимир Путин.

"Мехоҳам гӯям, ки албатта пеш аз ҳама мо бояд дар бораи манфиатҳои шаҳрвандони Русия фикр кунем", - афзуд Путин.

Мавзӯъҳои асосӣ