08:35 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Сотрудник полиции, архивное фото

Дар пайи тирпарронӣ дар Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
222 0 0

Кормандони пулиси Санкт-Петербург дар пайи тирпарронӣ дар қаҳвахонае се нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллии Санкт-Петербург байни мизоҷон ҷанол ба миён омад, ки бо тирпарронӣ хотима ёфт. Дар ин бора "Фонтанка" иттилоъ медиҳад.

"Дар пайи ин тирпарронӣ як марди 42-сола ба бемористон интиқол ёфтааст, ки ба китф ва шикамаш тир хӯрда буд. Пизишкон аҳволи вайро вазнини бетағйир арзёбӣ мекунанд", - менависад манбаъ.

Худи ҷабрдида гуфтааст, ки ба ҷониби вай мардони ношинос тир кушоданд.

Дар пайи ин ҳодиса, кормандони пулис се мардро боздошт кардаанд.

"Яке аз боздоштшудагон 33 сол дошта, таппончаи пневматикӣ ба ӯ тааллуқ доштааст. Ҷавони дигари боздоштшуда 21 сол дошта, аз Тоҷикистон ба Петербург омада будааст", - менависад "Фонтанка".

Ҷузъиёти бештари ҳодиса тавзеҳ дода намешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ