Биёед қанд медиҳам: бадрафтории ҷинсии марди муҳоҷири тоҷик нисбати 3 кӯдак

© © Sputnik / Александр КряжевМужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото
Мужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард ҳангоми иҷрои корҳои сохтомонӣ бо се кӯдаки 7-8-сола шинос шуда, аввал бо онҳо бозӣ карда, ширинӣ додааст. Сипас бо баҳонае ба хонааш даъват карда, нисбаташон рафторҳои ноҷо намудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Калугаи Русия барои бадрафтории ҷинсӣ нисбати се кӯдак ба 15 соли зиндон муҳкум шуд.

"Шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон барои ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта нисбати се духтари 7-8-сола ба 15 соли зиндон маҳкум шуд", - менависад Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Калуга.

Бино бар иттилои тафтишот, моҳи майи соли гузашта мард  манзили як сокини Калугаро таъмир мекардааст. Пас аз чанде ӯ дар ҳамин ҷо бо се духтарак шинос шудааст.

Онҳо ба волидонашон амалҳои мардро нақл кардаанд.

Подозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове - Sputnik Тоҷикистон
Таъхири мурофиаи нозири минтақавӣ, ки хунукназарияш бо марги Ҳувайдо анҷомидааст - видео

Ҷинояткор аввал бо кӯдакон бозӣ карда, сипас ба онҳо ширинӣ дода, бо баҳонае ба манзилаш даъват кардааст. Сипас дар назди онҳо урён шуда, нисбаташон рафторҳои бешармона кардааст.

Мақомоти Русия мардро моҳҳои июн дастгир карда, тафтишот оғоз кардаанд. Дар натиҷа муҳоҷири тоҷик ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ёдрас мешавем, моҳи июли соли гузашта дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав як кӯдаки панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозодаро таҷовуз ва ба қатл расониданд.

Феълан, Александр Семин, қотили эҳтимолӣ дар боздошт аст ва тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0