03:29 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Поезд из Средней Азии, архивное фото

ВУД Русия: ҷинояти муҳоҷирон муносибати байни миллатҳоро муташанниҷ мекунад

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Намояндаи ВУД Русия ахиран дар изҳороте гуфт, ҷинояти муҳоҷирон метавонад дар як соат вазъи муносибатҳои байни миллатҳоро ҳассос кунад

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҷинояте, ки муҳоҷирон содир мекунанд, метавонад дар як соат муносибати байни миллатҳоро дар Русия муташанниҷ гардонад - мисоли  ҳодисаҳо дар Ёқутистон, мегӯяд роҳбари Сарраёсати мубориза бо экстремизми ВУД Русия Олег Илиних.

Вай афзуд, ки Русия аз рӯи ҷараёни муҳоҷират дувумин кишвар дар ҷаҳон мебошад. Тибқи омори расмӣ дар кишвар 17 миллион шаҳрвандони хориҷӣ сабти ном шудаанд.

"Ҷинояте, ки муҳоҷирон содир мекунанд, метавонад дар як соат вазъи муносибатҳои байни миллатҳоро муташанниҷ кунад. Мисоли равони он ҳодисаҳои ахир дар Ёқутистон буд, ки ҷинояти яке аз шаҳрвандони кишварҳои ИДМ боиси сар задани гирдиҳамоиҳои сокинони маҳаллӣ гардид", - таъкид кард вай.

Ёдрас мешавем, пештар дар Ёқутистон як шаҳрванди Қирғизистон занеро таҷовуз кард. Ҳодиса вокуниши шадиди сокинонро дар пай дошт. Мақомоти кишвар маҷбур шуданд дар назди онҳо ваъда диҳанд, ки кор бо муҳоҷиронро пурзӯр мекунанд. Пас аз он мақомот номгӯи даҳҳо касбу корро барои муҳоҷирон мамнӯъ эълон карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ