02:59 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Сумангул  Тагойзода министр труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан

Сумангул Тағойзода 5 бартарии ирсоли муҳоҷирони тоҷикро ба Қатар гуфт

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
131110

Созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷират ҳанӯз моҳи феврал ба имзо расида, феълан парлумонҳои кишварҳо санадро бояд ба тасвиб расонанд. Ба гуфтаи Тағойзода, ирсоли муҳоҷирони тоҷик ба Қатар чанд бартарӣ дорад, ки созишнома онро танзим мекунад

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, созишнома дар бахши муҳоҷирати корӣ байни Тоҷикистон ва Қатар ҳанӯз моҳи феврал ба имзо расида, парлумони кишварҳо онро бояд ба тасвиб расонанд.

Ба гуфтаи хонум вазир, ин санад ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя намуда, мувофиқи он ҷониби кордиҳанда барои муҳоҷирони тоҷик бояд шароити вижаро фароҳам оварад.

Ҷониби кордиҳанда дар Қатар ӯҳдадор аст, ки соле як маротиба барои муҳоҷири тоҷик рухсатии меҳнатӣ дода, пули онро пардохт кунад.

"Ин иқдом барои сафари  шаҳрвандони Тоҷикистон соле як бор ба Ватан ва хабаргирӣ аз аҳволи наздиконашон роҳандозӣ шудааст", - тавзеҳ медиҳад вай.

Тағойзода афзудааст, ки харҷи сафар ба ватан низ аз ҷониби корфармо таъмин мешавад.

Корфармо ӯҳдадор аст, ки коргари тоҷикро бо ҷойи зист ва бимаи тиббӣ низ таъмин кунад. Ҳамчунин муҳоҷирон метавонанд ба Қатар хонаводаҳои худро ҳамроҳ баранд ва мувофиқи қонунгузории давлат фаъолияташонро ба роҳ монанд.

"Мувофиқи ҳамин созишнома, музди маоши мутахассиси тоҷик баробар ба маоши шаҳрванди Қатар муайян карда мешавад, ки дар ҳамин ихтисос фаъолият мекунад", - тавзеҳ дод вазири меҳнат ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал дар Женева.

Созишномаи ҳукуматҳо дар мавриди танзими қувваи корӣ аз Тоҷикистон дар давлати Қатар 3 феврал аз ҷониби Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар ва ҳамтои тоҷикаш Сумангул Тағойзода имзо гардид.

Тибқи муқаррароти Созишнома муҳоҷирони Тоҷикистон дар Қатар, бар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, тибқи қонуни давлати мизбон фаъолият хоҳанд кард.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки созишномаи мазкур баъди расмиёти дохилидавлатии тарафҳо мавриди амал қарор мегирад.

Манбаъ таъкид кард, ки ҷалби коргарон тавассути муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони кишвари мизбон ба роҳ монда мешавад.

Имзои созишнома дар ҳолест, ки ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон барои кор дар хориҷ, асосан Русия ва Қазоқистон қарор доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ