Додгоҳи олӣ шикояти маҳкумшудаҳо барои марги тоҷикон дар “Хованск” – ро рад кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкБывший директор Хованского кладбища Юрий Чабуев в Пресненском суде Москвы
Бывший директор Хованского кладбища Юрий Чабуев в Пресненском суде Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Русия ҳукми додгоҳи шаҳри Маскавро дар мавриди дастандаркорони муноқишаи қабристони “Хованск” қонунӣ хонда, шикояти кассатсионии маҳкумшудагонро рад кард

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Додгоҳи олии Русия ҳукми Юрий Чабуев, яке аз саркардаҳои муноқишаи маргбор дар гӯристони “Хованск”- ро, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, қонунӣ хонд.

Бывший директор Хованского кладбища Юрий Чабуев в Пресненском суде Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ ҳукми ташкилкунандаи занозании маргбор дар “Хованск”-ро эълон кард

Дар ин бора РИА Новости хабар дода, зикр намудааст, ки бо қарори додгоҳи Маскав, Юрий Чабуев ба 11 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум гардид.

Александр Бочарников, ташкилкунандаи дигари ин бетартибиҳо барои 9 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуд.

Қаблан додситонӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Юрий Чабуев, собиқ роҳбари шуъбаи 3-юми хадамоти марбут ба дафн - “Ритуал”, барои ташкили занозании маргбор 13 сол зиндонӣ шавад.

Дар маҷмуъ додситонӣ барои 17 муттаҳам вобаста ба нақшашон дар муноқишаи маргбор аз 4 то 13 соли зиндон талаб карда буд. Додгоҳ барои дастандаркорони ин занозанӣ, ки боиси марги се шаҳрванди Тоҷикистон шуда буд, аз 3,5 то 11 соли зиндон ҷазо муқаррар кард.

Хованское кладбище в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талаби 4 то 13 соли зиндон барои саркардаҳои занозании маргбор дар “Хованск”

Кашмакашии моҳи майи соли 2016, ки барои рондани муҳоҷирони тоҷик аз гӯристон ташкил шуд, бо марги 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳати 30 нафар анҷомид.

Тафтишот муайян кардааст, ки Юрий Чабуев ва Александр Бочарников, яке аз муассисони ташкилоти ҷамъиятии “Здоровая нация” муноқишаро барои танг кардани мавқеи муҳоҷирони тоҷик ва рондани онҳо аз “Хованск” ташкил намудаанд.

Аммо зимни тафтишот танҳо яке аз иштирокдорон Сергей Улихин ба гуноҳаш иқрор шудааст. Муфаттишон гуфтанд, бо вуҷуди иқрор нашудани муттаҳамони дигар, далели кофии гунаҳкории онҳо ҷамъоварӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0