13:12 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Сотрудник полиции, архивное фото

Муҳоҷиреро дар Маскав то мурдан сангсор карданд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1372 0 0

Ҷасади муҳоҷирро аз дарёбоди кӯчаи Холмогорски Маскав пайдо намуданд. Сари ӯ пур аз захм будааст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар шимолу шарқи Маскав ҷасади мардеро пайдо карданд, ки то мурдан латту кӯб шуда буд, хабар медиҳад агентии "Маскав".

Марди кушташуда муҳоҷири 28-солаи Қирғизистон будааст. Ҷасади ӯро аз дарёбоде дар кӯчаи Холмогорскии Маскав пайдо кардаанд. Дар бораи пайдо шудани ҷасад шоҳидони ҳодиса хабар додаанд. 

Гуфта мешавад, дар сари муҳоҷир осори зарбаҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар назди ҷасад се санги пур аз хунро, ки афзоли эҳтимолии куштор гуфта мешавад, пайдо карданд.

Муфаттишон дар наздикии ҷойи ҳодиса борхалта, пойафзол, ҳуҷҷат ва ҳамёни муҳоҷирро ёфтаанд.

Аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Маскав қотилеро зимни ҳамлаи навбатӣ ба як муҳоҷир боздошт карданд.

Дар иттилои нашршуда таъкид шудааст, ки “скинхед”-и боздоштшуда қаблан барои авбошӣ низ маҳкум шудааст.

Феълан маълум нест, ки ӯ қурбониёнашро мешинохт, ё афродеро, ки ба ӯ писанд намеомадаанд, мавриди ҳамла қарор медод.

Мавзӯъҳои асосӣ