23:45 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
 Хувайдо Тиллозода, архивное фото

"Иғво аст": пулисе, ки хунукназариаш боиси куштори Ҳувайдо шуд, дар озодӣ монд

Facebook / Rahmatova Zuly
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
312 0 0

Барои хунукназарии нозири пулис додгоҳ ӯро ба 10 моҳи корҳои ислоҳӣ ҳукм кард ва аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ ба мӯҳлати 2 сол маҳрум намуд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав нозири минтақавии пулис барои хунукназарӣ, ки дар натиҷа духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода кушта шуд, ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд.

"Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Серпухов аз 24 апрели соли 2019 Григорий Кузнетсов мувофиқи моддаи 293 қисми 1 Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор дониста шуда, ба 10 моҳи корҳои ислоҳӣ бо боздоштани 10 дар сади музди кор ба фоидаи давлат маҳкум шавад. Ҳамчунин, Кузнетсов ба мӯҳлати 2 сол аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ маҳрум гардад", - гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Аммо ҷониби ҷабрдида, падари духтараки кушташуда Абдусалом Саидов аз ин ҳукми додгоҳ сахт нигарон аст. Ӯ мегӯяд, ки онҳоро фиреб доданд.

Вакили хонаводаи ҷабрдида Дагир Хасавов низ,  ин ҳукмро "иғво" мехонад. Вакил дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст.

Таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав 22 июли соли 2018 иттифоқ афтод ва ҷасади ӯро 23-юм пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз ҷавони 28-солаи сокини Серпухов, Александр Сёминро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса боздошт намуданд. Тафтишот то ҳол идома дорад.

Аммо маълум гардид, ки моҳи июни соли 2017 Георгий Кузнетсов, нозири минтақавӣ дар шаҳри Серпухов, бояд шикояти як сокини шаҳрро нисбати Сёмин, ки ба духтараш бадрафторӣ кардааст, тафтиш мекард. Аммо ӯ аз ифтитоҳи парванда даст кашидаву хунукназарӣ намудааст. Дар натиҷа соле пас Ҳувайдо тӯъмаи муттаҳам мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ