Пас аз пешниҳоди Раҳмон: сабти номи муҳоҷирон дар Русия тағйир меёбад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов. Архивное фото
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳомиёни ҳуқуқи инсони назди президенти Русия қасд доранд, тарзи сабти номи муҳоҷиронро дар Русия дигар кунанд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Шӯрои ҳимояи ҳуқуқи инсони назди президенти Русия, қасд доранд ба қонуни сабти номи муҳоҷирон тағйирот ворид кунанд.

Ба иттилои "Коммерсант", онҳо мехоҳанд, ба Владимир Путин пешниҳод кунанд, ки сабти номи муҳоҷирон дар нишонии корфармо иҷоза дода шавад.

Чуноне муовини раиси Шӯрои ҳимояи ҳуқуқи инсон Евгений Бобров мегӯяд, имрӯз барои сабти номи муҳоҷир дар ин ё он манзил, шиноснома, асос барои зиндагӣ дар манзил ва розигии соҳибхона лозим аст.

Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Се пешниҳоди Раҳмон ба Русия: авфи муҳоҷирон, сабукӣ дар сабти ному гирифтани патент

"Агар шаҳрванди хориҷӣ ин ҳуҷҷатҳоро дар даст надорад, мешуд, ки ӯро мувофиқи суроғаи корфармо ба қайд гирифт",-қайд кард ӯ.

Вале намояндагони ВУД оид ба масоили муҳоҷират бо чунин пешниҳод розӣ нестанд. Онҳо бар инанд, ки сабти ном мувофиқи суроғаи корфармо ҳаққонӣ нест ва ба ин далел пешниҳодро дастгирӣ намекунанд.

Джураева: Ба хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ имтиёз диҳед

Дар робита бо норозигии ВУД, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон мехоҳанд бо ин пешниҳод ба президент муроҷиат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш кормандони қудратӣ нисбати раҳбари яке аз шӯъбаҳои Шӯрои ҳимояи ҳуқуқи инсон Татяна Котляр парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Мақомот ӯро дар сабти номи бардурӯғи шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамватанони пешин ва гурезагони Украина гунаҳкор медонанд.

Путин қонунеро имзо кард, ки сабти номи муҳоҷиронро тавзеҳ медиҳад

Ёдовар мешавем, то 8 июли соли 2018 дар Русия қонуне амал мекард, ки мувофиқи он сабти номи шаҳрванди хориҷӣ дар нишонии корфармо иҷоза буд.

Вале оғоз аз санаи зикршуда, дар Русия қонуни нав рӯи кор омад, ки муовиқи он шаҳрвандони хориҷӣ танҳо мувофиқи суроғаи воқеъӣ метавоанд сабти ном шавад.

Раисумҳури Тоҷикистон зимни сафари ду рӯзи худ (16-17 апрел) ба Русия, дар суҳбат бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин се пешниҳод ироа кард, ки яке аз онҳо, осон кардани сабти номи муҳоҷирон буд.

Лентаи хабарҳо
0