12:13 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Трудовые мигранты, архивное фото

То 7 сол маҳбас: Русия барои "кумак" ба муҳоҷирон зиндон мекунад

© Пресс-служба УМВД России по Калининградской области
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
917 0 0

Аз ин ва баъд дар Русия ҷазо барои кумак ба буду боши ғайриқонунии муҳоҷирон бо истифода аз мақоми хизматӣ, сангинтар мешавад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Думаи давлатии Русия қонуни Кодекси ҷиноии кишварро дар бораи ҷавобгарӣ барои миёнаравӣ дар муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ислоҳ кард. Дар ин бора дар нишасти парпулони кишвар гузориш дода шуд.

Тарҳи ин қонунро Думаи шаҳри Маскав пешниҳод карда буд.

Кодекси ҷиноии Русия бо ҷазои ашхосе, ки барои буду боши ғайриқонунии муҳоҷирон бо истифода аз вазифа кумак мекунанд, пурра карда шудааст. Дар ин ҳолат айбдоршавандаро то ҳафт соли зиндон ё то ним миллион рубл ҷарима интизор аст.

Ҳамчунин дар ин қонун барои нафароне, ки барои ворид шудани ғайриқонунии муҳоҷирон ё буду боши онҳо дар ҳудуди Русия миёнаравӣ мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Дар чунин ҳолат додгоҳ ҳуқуқ дорад, айбдоршавандаро то 200 ҳазор рубл ҷарима баста ба корҳои иҷборӣ равон кунад ё то се сол ба маҳбас фиристад.

Қайд мешавад, ки имрӯзҳо дар ҳудуди Русия, ташкилотҳои зиёде вуҷуд доранд, ки таҳти сарлавҳаи "машварат оид ба буду боши муҳоҷирон" ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода мекунанд.

Ба фикри муаллифони қонун, ин навъи ҷавобгарӣ даст медиҳад, то миёнаравҳо ба таври оперативӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ