08:56 24 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Вид на жительство иностранного гражданина

Русия ба муҳоҷирони баландихтисос сабукӣ медиҳад

© Sputnik / Алексей Куденко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0

Вазорати рушди иқтисоди Русия барои ҷалби бештари муҳоҷирони баландихтисос мехоҳад монеаҳоро бардорад. Аз ҷумла нишондоди музди муайяншударо барои гирифтани ин статус, поёнтар кунад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод мекунад, ки барои муҳоҷирони баландихтисос кор ва зиндагиро дар Русия осон кунад.

Аз ҷумла ин вазорат пешниҳод мекунад, ки барои ҷалби бештари онҳо ба кишвар монеаҳоро аз ҷумла, нишондоди музди корро, ки барои гирифтани ин статус муайян шудааст, поён кунад.

Мувофиқи қонунгузории Русия, феълан шаҳрвандони хориҷие, ки  дар минтақаҳои вижаи иқтисодӣ фаъолият бурда, на камтар аз 58 ҳазор рубл маош мекаригард, дар соҳаҳи илм кор карда, на камтар аз 83 ҳазор рубл маош мегиранд ва дар дигар соҳаҳо фаъолият бурда, на камтар аз 167 ҳазор рубл маош мегиранд, мутахассиси баландихтисос ҳисоб мешаванд.

Ба чунин муҳоҷирон ба 3 сол иҷозатномаи фаъолият дода мешаванд, ки онро метавон тамдид кард.

Афзун бар ин, чунин шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барои худ ва барои хонаводаашон иҷозатномаи истиқомат (ВНЖ) ба даст оваранд.

Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати рушди иқтисоди Русия, агар монеаи маош бардошта шавад, шумораи муҳоҷироне, ки ин статусро метавонанд ба даст оранд, бештар мешавад.

Вазорат пешниҳод мекунад, ки барои хориҷиёне, ки донишгоҳҳои Русияро хатм кардаанд, гирифтани шаҳрвандӣ осон карда шавад.

Ёдрас мешавем, тирамоҳи соли 2018 президенти Русия Владимир Путин Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русияро то соли 2025 ба тасвиб расонид.

Мавзӯъҳои асосӣ